БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

“МЕҲРГОН” - ҶАШНИ ҚАДИМАИ МАРДУМИ ТОҶИК

АНДЕША. Ҷашни “Меҳргон” яке аз идҳои қадимтарини мардумони форсу тоҷик мебошад, ки ҳамчун иди меҳру муҳаббат, дӯстию рафоқати одамон ба якдигар, некиву накӯўкорӣ, тантанаи ранҷи кашидаи барзгарон аст, ки ниёгони мо баъди ҷамъоварии ҳосил таҷлил мекардаанд. Ин ҷашн рӯзи 16-уми меҳр, ки онро рӯзи Меҳр меномидаанд, баргузор карда мешудааст. Ҷашни мазкур дар сарчашмаҳои таърихӣ бо номи Митракона ё Митра зикр шудааст ва таърихи чаҳорҳазорсола дорад.

Дар ин айём рўзу шаб баробар мешавад ва ба ин сабаб номи ин моҳро Меҳр гузоштаанд. Мувофиқи ойини пешиниён дар рўзҳои ҷашни иди “Меҳргон” маросимҳои зиёде сурат мегирифтанд, зеро дар он давраҳо шуғли аксарияти одамон кишоварзӣ буд Баргузор кардани ҷашну шодӣ ва истироҳати кишоварзон баъди ғунучини ҳосил замони муносиб будааст.

Гузаштагони мо ба пешвози ҷашни “Меҳргон” омодагӣ дида, ҳашарҳои умумихалқӣ ташкил мекарданд, корҳои ободонӣ анҷом медоданд. Дар рӯзи ҷашн либоси нав ба бар карда, ба сайру гашт мебаромаданд ва ба дидорбинии дӯстон мерафтанд.

Аз нигоришу тавсифҳои аҳли илму адаб ва ривоятҳои бостонӣ бармеояд, ки “Меҳргон” ҷашнест табиӣ. Айёмест, ки ба табиат, ба салтанат ва рӯзгори мардум робитаи қавӣ дорад.

Сардафтари адабиёти классики форсу тоҷик устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мавриди ҷашни “Меҳргон”  чунин фармудааст:

Малико, ҷашни Меҳргон омад,
Ҷашни шоҳону хусравон омад.

Манучеҳри Домғонӣ бошад, мефармояд:

Омад хуҷаста Меҳргон, ҷашни бузурги хусравон,
Пурфайз бод хони Шумо, аз нуру нору арғавон…

Ин ҷашн баробари инкишоф ёфтани корҳои деҳқонӣ ва ҷорӣ шудани тақвими деҳқонӣ пайдо шудааст. Дар давраи Сосониён ҷашни Меҳргон бисёр бошукӯҳ ва ботантана мегузашт. Ҷашнгирии иди “Меҳргон” ба иди “Наврӯз” хеле монандӣ дорад. Мардум хонаю дарашонро тоза мекарданд, беҳтарин либосашонро мепӯшиданд, худро орову зебо намуда, ба идгоҳҳо мерафтанд. Умуман, дар ин рӯз ҳама ба якдигар меҳрубониҳои зиёд мекарданд.

Дар дастархони “Меҳргон” анвои мева, ширинӣ ва меваву сабзавот мегузоштанд. Масъалан, рӯйи хони “Меҳргон”-ро лимӯ, себи зард, хӯшаи гандум, ангур, шакар, оина ва паллаи тарозу оро медод. Аз рӯйи анъана, бояд меваҳои дастархон ранги зард дошта бошанд, яъне зарҳалӣ, ки рамзи фасли тирамоҳ аст.

Ба истиқболи ин рўзи пурфайз пахтакорон, ғаллакорон, боғу токпарварон, чорводорон ва механизаторони меҳнатқарин бо ғайрати дучанд заҳмат кашида, баҳри пешрафти иқтисодиёти кишвари маҳбубамон саҳми арзанда мегузоранд.

Солҳои охир дар кишвари мо ҷашни “Меҳргон” моҳи октябр бо як шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор карда мешавад. Инчунин, дар фасли тирамоҳ чорабиниҳои гуногун, ки ба ғунучину ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ вобастагӣ доранд, доир мегардад. Масалан, “Иди харбуза”, “Иди асал”, “Иди каду” ва ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ғайраҳо. Ин чорабиниҳо низ аз оинҳои ҷашни “Меҳргон” мебошанд, ки бо ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё шудаанд.

Ҳасан Ғуломов, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н.Кӯшониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg