БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КАНДАКОРӢ ЯКЕ АЗ ҲУНАРҲОИ ҚАДИМИИ АҶДОДОНИ МО

АНДЕША. Аҷдодони мо аз замонҳои қадим ҳунарҳои ба худ хосеро доштанд, ки ба наслҳои хеш ҳунарҳои авлодиашонро меомӯзонданду онҳоро ҳамчун мутахассис омода менамуданд. Кандакорӣ яке аз ҳунарҳои қадимаи мардуми тоҷик аст, ки ҳазорсолаҳо қабл дар қалъаҳо истифода шуда то ба замони мо расидааст.  Дар вақти тамошои маконҳои таърихӣ мо дару дарвозаҳоро мебинем, ки дар он бо усули хос кандакорӣ шудааст. Ҳамаи ин кандакориҳо таърихи беш аз Х асра доранду, бо нозукиҳои хоса иҷро шудаанд. Санъати кандакорӣ то ҳоло дар дарҳо, тирезаҳо, гавҳора, катҳо ва ғайра дида мешаванд. Кандакорон дар чӯб ва санг ҳунарҳои худро нишон медоданд. Инчунин, кандакорони моҳири тоҷик ҳатто бо хатти форсӣ сухан ва дигар иқтибосҳоро менавиштанд, ки осори онҳо то замони мо омада расидааст.

Дар замони муосир барои нафароне, ки ҳунари кандакорӣ доранд, олот ва асбобҳои замонавӣ истеҳсол шудааст, ки боз ҳунари онҳоро беҳтару хубтар нишон медиҳад. Кандакорон маҳсули дасти худро дар намоишҳо пешкаши тамошобинон мегардонанд ва дар ҳолати пайдо шудани дархост ҳунари худро дар хона, биноҳо ва дигар иншоотҳо нишон медиҳанд. Албатта, ҳунарест, ки нозукиҳои хоси худро дорад, аммо ҳунарманди асилро ба мақсуди дилаш мерасонад.

Сафаралӣ Мирзоев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg