БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА АЗ АМАЛҲОИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА МЕБОШАД

Ҷ.БАЛХӢ. Бо мақсади баланд бардоштани маърифати  ҳуқуқии занону духтарон ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023”, пешгирии пошухӯрии хонаводаҳо дар асоси супориши мақомотҳои болоии ҳизб дар ташкилоти ибтидоии “Садоқат” бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон, роҳбари комиссияи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Моҳинави Қурбонмад ва аъзои комиссияи кор бо занони Кумитаи иҷроия вохӯрӣ бо занон ва духтарон доир гардид.

Аснои вохӯрии баргузор гардида риояи талаботи конунҳои амалкунандаи Ҷумшурии Тоҷикистон, пешгирии зӯроварӣ дар оила, омилҳои ҷудошавии оилаҳо пешгирӣ ва бартарафсозии мушкилиҳо ибрози андеша намуда, аз ҷониби занони таҷрибадори иштирокдошта маслиҳатҳои муфид дар ин самт дода шуд.  Махсусан ба иширокдорон тавсия дода шуд, ки ҳамчун зан-модар дар пойдории оилаҳо,омода намудани ҷавонон  ба ҳаёти мустақилона, дахолатнопазирии ҳаёти оилавӣ бетараф набошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg