Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи нақшаи муштарак дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Гулзор”-и Ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ҷалби васеи аъзои ҳизб ва сокинони деҳаи Энглис амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони «Рӯзи ёдоварӣ» доир карда шуд.
Дар чорабинӣ кормандони Кумитаи иҷроия иштирок намуда, доир ба мақсади амалиёти муштарак суҳбат оростанд. Пас аз анҷоми вохӯрӣ сокинон ба тоза кардани дохил ва гирду атрофи оромгоҳ машғул гашта, дар ҳаққи гузаштагонашон дуои нек карданд. Баргузории амалиёти мазкур дар оянда низ аз ҷониби масъулин дар дигар маҳаллаҳои Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дар назар аст.