БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РИОЯИ ҚОНУНҲО ҲАТМИСТ!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар асоси супориши мақомотҳои болоии ҳизб дар ташкилоти ибтидоии “Ободкор” бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон, роҳбари комиссияи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ноҳия Моҳинави Қурбонмад ва аъзои комиссияи кор бо занони Кумитаи иҷроия аз ҳисоби занони рисолатшиносу таҷрибадор вохуӯрӣ бо занон ва духтарон доир гардид.

Аснои вохӯрии   масъулини ҳизбӣ, доир ба Қонуҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”  мақсади амалинамоии онҳо, инчунин дар бораи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”  омилҳои ҷудошавии оилаҳо пешгирӣ ва бартарафсозии мушкилот ибрози андеша намуда, аз ҷониби занони таҷрибадори иштирокдошта маслиҳатҳои муфид дар ин самт дода шуд.  Махсусан ба иширокдорон тавсия дода шуд, ки ҳамчун зан-модар дар пойдории оилаҳо, тарбияи комил додан ба насли наврас, риоя намудани Қонунҳои амалкунанда, омода намудани ҷавонон  ба ҳаёти мустақилона, дахолатнопазирии ҳаёти оилавӣ бетараф набошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg