ВОКУНИШ. Оила ин макони пок ва муқаддас буда, ба ҳаёти ҳар як шахс хушбахтиву шодкомӣ, устуворӣ, боварӣ ва рӯҳу равони тоза мебахшад. Оила барпо кардан барои ҳар як инсон муҳим буда, ба ҷамъият низ он аҳамияти калон дорад. Зеро маҳз дар оила ҳар як инсон тарбия гирифта, одобу ахлоқи ҳамида меомӯзад ва тадриҷан ба як инсони комил, дорои одоби хуб ва ба ҷамъият нафърасон ба воя мерасад. Бояд гуфт, ки дар тарбияи фарзандон асосан волидайн, яъне падару модар нақши асосиро мебозанд ва муносибати байни онҳо ба ахлоқи фарзандон таъсири амиқ расонида, заминагузор ба ҳаёти минбаъдаи онҳо мебошад.
Агар дар оилае, ки якдигарфаҳмӣ, оромӣ ва субот ҷой надошта бошад, ин оила солим ва мустаҳкам буда наметавонад ва чунин ҳолат албатта, ба руҳу равони фарзандон низ таъсири манфӣ гузошта, ояндаи онҳоро хароб месозад. Мутаассифона, дар ҷомеаи мо оилаҳое вомехӯранд, ки дар онҳо зӯроварӣ ва хушунат нисбат ба зан ва фарзандон ҷой доранд.
Зӯроварӣ ин рафтори нохубест, ки ба психикаи инсон зарба зада, онро харобу бемор месозад ва ин ҳолат ба вазъи оила низ таъсири бад мерасонад, ки дар натиҷа оила вайрон шуданаш мумкин аст. Ҷавонзане, ки худ як ҷинси нозук аст ва бо як умеду орзу бо ҷавонмард оила барпо менамояд, аз ин ҳолати ногувори хонаводагӣ ҳаросон ва дилсард гашта, дар натиҷа оила вайрон мегардад ва дар баробари ин, фарзандон низ зарари ҷиддӣ мебинанд.
Қайд кардан лозим аст, ки ҳар як инсон, аз ҷумла, зану фарзандон низ ба зиндагии шоиста ва орому осуда ҳақ дошта, набояд дар оила нисбати онҳо зӯроварӣ ва хушунат раво дида шавад. Оила бе зӯроварӣ ва хушунат мустаҳкаму устувор гашта, зану фарзандон ва умуман аҳли оила дар он бо руҳияи солим ба воя мерасанд ва дар байни ҷомеа ҳамчун оилаи намунавӣ ва боиси таҳсин арзёбӣ карда мешаванд.
Дар охир, ба ҳар як оилаи тоҷик хушбахтӣ, оромиву осудагӣ, шодиву нишот ва пойдориву мустаҳкамиро хоҳонам.
Умедаи Акрамзода, сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон