БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КАЛАВИШҲО ДАР СИЁСАТ, Ё ИШТИБОҲИ НАВБАТИИ САДИР ҶАПАРОВ

ВОКУНИШ. Баҳси марзҳои наздисарҳадии миёни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон аз мавзӯъҳои мавриди нигаронии Роҳбарияти олии кишварамон ба ҳисоб меравад. Мутаассифона, баъди табаддулоти охирин дар Қирғизистон ва сари қудрат омадани Садир Ҷапаров, ки аз бетаҷрибагиҳо дар сиёсат худ ва сарзамину мардумони ин давлати ба мо дӯсту ҳамсояро ба бозичаи дасти фурсаталабон табдил дода истодааст.

Зеро дар ҳоли таваҷҷуҳи ҷомеаи кишварҳои минтақа баҳри ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ дар Афғонистон, аз баёнияҳои бепояи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон  ба ҷуз бӯи фитна ҳосили дигар барнамеояд. Тибқи иттилои сомонаҳои интернетӣ Президенти Қирғизистон зимни як нишасти матбуотӣ гуфтааст, ки Созишномаи миёни ҳайати баландпояи ду кишвар оид ба сарҳади Тоҷикистону Қирғизистонро, ки аз ҷониби онҳо Котиби Шӯрои бехатарии Қирғизистон Адахон Мадумаров имзо карда буд, қувваи қонунӣ надорад.

Аммо дар асл ин ҳудуди заминҳои мавриди баррасӣ, ки қаблан Тоҷикистон дар асоси шартномаи иҷораи дарозмуддат ба кишвари ҳамсоя дода буд, бешакку тардид марзҳои қадимии тоҷикон аст, ки инро бародарони қирғиз ҳам хуб медонанду дар ин маврид далели радкунанда надоранд. Чаро ки инҷо сухан атрофи 5 гектар замини назди соҳил меравад, ки соли 2009 кишвари ҳамсоя ба хотири сохтмони пули тавассути дарё ва таъмири роҳи Ош-Баткен-Исфана аз Ҳукумати Тоҷикистон дархост намуда буд.

Аммо баъди ба сари қудрат омадани Садир Ҷапаров, ки оид ба санадҳои муҳими байни давлатӣ маълумоти кофӣ надорад ва ё худсарона даъвоҳои бепоя дошта, дар нишасти рӯзи 23 октябр аз таърихи соли 1924 мисол оварда, аз заминҳои ҳудуди ноҳияи Мурғоби Тоҷикистон мисол оварда, худ ва обурӯи кишварашро мавриди хандахариши таърихшиносони минтақа қарор дод.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи сиёсатшиносони Қирғизистон ҳадаф аз эътироф накардани Созишномаи байнидавлатӣ дар мавриди сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, ки таҳти он имзои Котиби Шӯрои бехатарии ин кишвар А. Мадумаров  меистад, дар асл айбдоркуниву бадномсозии А. Мадумаров мебошад, ки намояндаи ҳизби опозитсионии “Бутун Қирғизистон” (Қирғизистони воҳид) мебошад. Яъне, ин баёнияи осемасари Президент Садир Ҷапаров бештар ба хотири муборизаҳои дохилии ӯ мебошад ва масъалаи баҳси Исфара-Баткенро ба хотири  баробари кардани ҳисоби худ бо рақибони сиёсиаш истифода кардан мехоҳад.

Аз сӯи дигар, даъвоҳои хандаовари Садир Ҷапаров, ки гӯё аз 14-октябри соли 1924 то 2 январи соли 1925, яъне муддати 78 рӯз ҳудуди ноҳияи Мурғоб дар қаламрави вилояти автономии Қара-Қирғизистон дохил мешуд, аслан, дар он солҳо ин вилояти автономӣ худ дар таркиби Федератсияи Руссия дохил мешуд. Аз ин лиҳоз, агар даъвоҳои таърихӣ ба кор оянд, пас Русия метавонад тамоми қаламрави имрӯзаи Қирғизистонро талаб намояд. Хулоса, аз рӯзи аввали таъсисёбии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон қаламрави ноҳияи Мурғоб ба ҳудуди маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дар воқеъ, таърихи 30 соли соҳибистиқлолии кишварҳои ҳамҷавори Осиёи Миёна собит намуд, ки роҳбарияти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаллу фасли ҷумла масоили байнидавлатӣ намунаи ибрат ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон раванди сулҳи тоҷикон, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи беназири ба созиш овардани сангарҳои муқобил арзёбӣ гашта, Тоҷикистонро ҳамчун кишвари сулҳовар ва ташаббускору пешоҳанг дар ҳалли мушкилиҳои  амниятӣ дар минтақа  муаррифӣ намуд.

Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ низ Сарвари давлати мо дар муносибатҳои байнидавлатӣ бо истифода аз фарҳанги воло ва арҷгузорӣ ба арзишҳои неки ҳамсоядорӣ масъалаҳои баҳсиро ҳаллу фасл менамояд.

Аммо сарфи назар аз   иродаву зарфиятҳо ва таҷрибаи ибратомӯзи роҳбарияти олии кишвар ва Ҳукумати Тоҷикистон дар баррасии масоили амниятӣ дар минтақа, боз ҳам, дар ҳаллу фасли масъалаҳои  марзӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон ва пешгирӣ аз ҳама гуна муноқишаҳо дар минтақаҳои ҳамсарҳад бо ин кишвар, ҷомеа ва давлати моро имтиҳони ҷиддӣ дар пеш аст.

Зеро ҷавобан бо он ҳама лутфу самимияти беандоза, бардошту гузаштҳои беназири таърихӣ ва ҳисси эҳтирому арҷгузориҳои ҷониби Тоҷикистон дар муносибатҳои ҳамсоядорӣ, боз ҳам Президенти камтаҷрибаи кишвари ҳамсоя бо даъвоҳои пучу бепояи худ муносибатҳои ҳамсоядориро халалдор месозад. Аслан, боиси нигаронии мардуми ду кишвари ҳамсоя ин гуна даъвоҳои беасоси Садир Ҷапаров нест, балки пешгирӣ аз ҳар гуна баҳсу муноқишаҳо ва дарёфти роҳҳои ҳалли  масъалаҳои баҳсӣ бо нафаре мебошад, ки фаҳму фаросати шунидани ҳарфи моро надорад.

Мутаассифона, ин ҳақиқати талх бармало мушоҳида мешавад, ки бинобар ноустувориҳо дар арсаи давлатдорӣ сатҳи дипломатия дар кишвари ҳамсояи мо аз фарҳангу сиёсати роҳбарии сиёсатмадори донишманд Аскар Акаев то Президенти кунунии Садир Ҷапаров поин рафтааст. Яъне, бо ин ҳама калавишҳои сиёсӣ боз ҳам Президенти ба тозагӣ сари қудрат омадаи Қирғизистон дар ҳалли мусолиҳаомези баҳсҳои марзӣ бо кишварҳои ҳамсоя омодаи муколамаи созанда нест.

Аммо, мо мардуми шарафманди Тоҷикистон итминони комил дорем, ки Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамагуна масъалаҳои мавҷударо дар асоси риояи принсипҳои инсондӯстиву ҳисси эҳтироми баланд ва арҷгузорӣ ба арзишҳои ҳамсоядорӣ ҳаллу фасл хоҳад намуд. Зеро, мардуми ду кишвари бо ҳам дӯсту ҳамсоя итминони комил доранд, ки баъзан баёнияҳои беасосу бепоя, ки аз ҷониби Президенти навинтихоби Қирғизистон садо медиҳад, ифодагари марому арзишҳои мардумони ин кишвар  нест.

Иброҳимзода Неъматулло, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg