МУЪМИНОБОД. Дар деҳаи Охҷари ҷамоати деҳоти Боғгаии ноҳияи Муъминобод бо истиқоматкунандагони маҳалла маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Салоҳиддин Мирзобаротов ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гулсунбӣ Раҷабова иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар маҷлис самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасии муҳтавои мулоқоти Сарвари давлат бо аҳли ҷомеаи кишвар аз 12.05.2018, суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар семинар-машварати кишоварзон дар ноҳияи Данғара аз 02.06.2018, афзоиш додани сафи ҳизб, зиёд намудани ташкилотҳои ибтидоӣ муқовимат бо коррупсия баррасӣ карда шуданд.
Инчунин, дар деҳаи мазкур ташкилоти ибтидоӣ таъсис дода шуда, раиси он Бегов Ҳасан интихоб гардид.