АНДЕША. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ рӯйдодҳои бисёр пуртаҳлукаю ҳассоси таърихиро аз сар газаронидааст. Дастовардҳои имрӯзаи даврони соҳибистиқлолӣ насли ҷавонро ба суботу созандагӣ ҳидоят менамояд. Ин тасмими арзишманд кишварро ба рушди босуботу амнияти комил ва касб намудани обрӯву эътибори арзанда дар арсаи байналмиллалӣ ноил гардонд, ки бемуҳобот, дар ниҳоди насли ҷавон неруву тавоноӣ ва умед мебахшад. Харчанд давраҳои тақдирсози кишварамон бо хотираҳои ибратомӯзу таърихӣ пушти сар шудаанд, вале дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир ҳифзи манфиатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву иҷтимоӣ назди мо ҷавонон, вазифаҳое истодаанд, ки иҷрои онҳо баҳри таҳкими Истиқлолият ва бақои давлату миллат аҳамияти бузург доранд.
Бо ибораи Сарвари давлат, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «Пеш аз ҳама бояд сари ин проблема андеша кунем, ки дар давраҳои хело ҳассоси тезутунд шунидани муносибатҳо байни абарқудратҳо барои ҷорӣ намудани низоми нави ҷаҳондорӣ, сарфи назар аз мавҷудиятҳои ақидаҳои мухталифи сиёсиву динӣ ва иҷтимоӣ дар ҷомеа, мо барои ҳифзи сарвати бузургтарин ва бебаҳои худ, яъне Ватан ва истиқлолияти миллӣ муттаҳид бошем, барои ҳифзи манфиатҳои милливу давлатии худ зиракиро аз даст надиҳем».
Мутаассифона, имрӯзҳо бархе аз ҷавонони ноогоҳ ва гумроҳи мо низ ба якчанд амалҳои номатлуб, ба монанди ифротгароӣ ва хусумати мазҳабӣ даст зада, бо даъвати ашхоси иғвогару ҷиноятпеша барои иштирок дар муқовиматҳои мазҳабӣ ба хориҷ рафта, дигаронро низ ба ин роҳи бад раҳнамоӣ намоянд. Чунин кирдорҳои ҷиноятпеша муқобили манфиатҳои миллии мо буда, ҳимоя ва пешгирии он имрӯзҳо характери умумимиллӣ пайдо кардааст.
Ҷавонон бояд дар хотир дошта бошанд, ки пуштибонӣ аз чунин афрод хатои бузург ва хиёнат ба давлату миллат буда, баръакс, мубориза бар зидди терроризми байналмиллалӣ ва экстремизм ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллӣ, сохти конститутсионӣ ва Истиқлолияти Тоҷикистон вазифаи муқаддаси ҳар фарди бонангу номус мебошад.
Салимова Сабоҳат, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Вахш