БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОИЛА - МАКОНИ МЕҲРУ МУҲАББАТ

БОХТАР. Дар  Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар миззи мудаввар баргузор гардид, ки дар он ҳуқушиносони варзида, фаъолзанони касбу кори гуногун ва собиқадорони ҲХДТ бо донишҷӯдухтарон  суҳбат оростанд.

Миззи мудавварро бо сухани муқаддимавӣ Волида Ҳакимова, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, оғоз бахшида, оид ба ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ва омилҳои коҳиш додани сатҳи ҷудошавии оилаҳо  ибрози андеша намуд. Дар Миззи мудаввар ҳамчунин, Нурзода Усмоналӣ сархатиби шаҳри Бохтар,  Зебуннисо Саидова, омӯзгори собиқадор ва Гулнора Мирзозода, нозир оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар ШВКД-и  шаҳри Бохтар, атрофи масоили роҳҳои пешгирӣ аз зӯроварӣ дар оила ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи арзишҳои миллӣ ва  риояи одобу фарҳанги оиладорӣ андешаҳои худро баён доштанд.

Баъдан, донишҷӯдухтарони  Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар, вобаста ба  мавзӯҳои гуногуни ҳаётӣ, аз ҷумла, баланд бардоштани маърифатнокии сокинон, омилҳои пешгирӣ аз хушунату зӯроварӣ ва баҳсу муноқишаҳои хонаводагӣ  бо меҳтарони ҳизбу меҳнат ва мутахассисони соҳаҳои марбут мубодилаи афкор намуданд. Маврид ба ёдоварист, ки чорабинии мазкур бо иқдоми Кумитаи Марказии ҲХДТ ба хотири баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занону духтарон, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023”, пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, таблиғу ташвиқ ва амалисозии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” ба роҳ монда шудааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg