БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СУҲБАТУ ВОХӮРӢ БАҲРИ ПЕШГИРИИ ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА

ҶАЙҲУН. Ҷиҳати иҷрои банди 35-36  Нақшаи кории дастгоҳи КИМ  ҲХДТ барои нимсолаи дуюми  бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занону духтарон ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023” пешгирии пошхӯрии хонаводаҳо ва тарбияи нокомили насли ҷадид, бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ғафорова Насимахон дар якҷоягӣ бо бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии Ҳокимияти давлатии ноҳия   байни занони фаъол ва ҷавондухтарон суҳбату вохурӣ баргузор гардид.

Воқеан ҳам овони соҳибистиқлолии кишвар бонувон таҳти ғамхориву таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарияти олии мамлакат қарор гирифта, баҳри ба илму ҳунаромӯзӣ, фаро гирифтани онҳо ба рушди зеҳниву омӯзиши таҷрибаи пешқадам дар зинаҳои роҳбарӣ барои занону духтарони лаёқадманд шароиту имкониятҳои бемаҳдуд фароҳам мебошад.

Таҳлили фаолияти пурсамари занон дар сиёсати имрӯза нишон дод, ки воқеан занон дар сатҳи идоракунии давлатӣ нақши муҳим мебозад. Маҳз бо ташшабуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор санаду меъёрҳои марбут ба мақоми зан дар ҷомеа ва таҳсилу фаолият дар идоракуни давлатӣ ба тасвиб расид, ки зани тоҷик дар баробари рисолати модарӣ ва ҳамсарӣ сарбаландона аз уҳдаи роҳбариву фаолият дар сиёсат низ мебарояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg