ПАНҶ. Бо ташаббуси масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Нури Ваҳдат»-и ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдат бо аъзо ва сокинони маҳал вохӯрӣ барпо гардид.
Дар ҷамъомад муовини раис-мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҳасанова Нигора оид ба хизмат ба Ватан – қарзи шаҳрвандӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риояи қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва Президентӣ, аз ҷумла кишти такрорӣ, истеҳсоли захираи кофии маводи хӯрокворӣ, захира кардани ғалладонагӣ, вусъати корҳои созандагию ободонӣ, татбиқи аксияҳои ҳизбӣ, риояи қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ ва инчунин оид бо мақсади мусоидат намудан дар ҳалли мушкилоти сокинон зимни муҳоҷирати меҳнатӣ сухан ронд.