БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САЛОМАТӢ ИН ГАНҶИ БЕБАҲОСТ

ПАНҶ. Бо мақсади пешгирӣ намудани бемории сироятии намуди коронавирус, (COVID-19), ки имрӯз сар то сари ҷаҳонро фаро гирифта, ҷомеаро ба ташвиш овардааст, санаи 25-октябри соли 2021 КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар  якҷояги  бо ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар кучаҳои ҷамоати шаҳрак  корҳои фаҳмондадиҳи баргузор намуданд.

Дар вохӯрии мазкур роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” Солиҳов Ф бо аҳолии маҳаллаҳои ҷамоати шаҳраки Панҷ вохури намуда, роҳҳои гузариши бемории сироятии коронавирус (COVID-19) ва роҳҳои пешгири намудани он маълумот доданд.

Дар рафти вохӯрӣ диққати асоси ба ҷиҳати асосии пешгири намудани беморӣ, яъне риоя намудани гигиенаи шахси таваҷуҳ зоҳир намуда, аз шаҳрвандон хоҳиш карда шуд, ки қоидаҳои тозагии хонаву таҷҳизотҳои он ва маҳал қатъиян риоя карда шавад.

Ҳамчунин, барои бештар маълумот пайдо намудани бемории коронавирус ба сокинон ниқоб, антисептик ва варақаҳои иттидооти зиёда 358 нафар тақсим карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg