БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОЗМУНИ “ИНШОИ БЕҲТАРИН” МИЁНИ ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

КӮШОНИЁН. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо мақсади иҷрои дастури макомоти болоии ҳизб ҷиҳати  баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангию адабӣ озмуни “Иншои беҳтарин”-ро  бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатӣ  миёни хонандагони муассисаҳои таълимӣ рӯзҳои наздик  роҳандозӣ менамоянд.

Ҳадаф аз баргузории озмуни “Иншои беҳтарин”  барланд бардоштани савияи  дониши наврасону ҷавонон ва арҷ гузоштан ба санаҳои муҳими таърихӣ буда,  толибилмони  муассисаҳои таълимии ноҳияи Кӯшониён барои иштирок дар озмуни ҳизбӣ омодагии ҷиддӣ дида истодаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg