КӮЛОБ. Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб таҳти Раёсати раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Гулрухсор Шарифзода баргузор гардид.
Дар маҷлис намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҳусейнова Сайёра, кормандони дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва намояндагони ВАО иштирок намуданд. Нахуст, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Гулрухсор Шарифзода ба сухан баромада, қайд намуд, ки маҷлиси мазкур аз 4 масъала иборат буда, ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроия дар нуҳ моҳи соли 2021 ва нақшаҳо барои давраҳои оянда, натиҷагирӣ аз маъракаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ, баррасии ҳуҷҷатнигорӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ, тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ.
Зимни маҷлис аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар нуҳ моҳи соли 2021 натиҷагирӣ карда шуда, оид ба тадбирҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва масъулияти узви ҳизб дар доираи Оиннома ва Низомномаи ҳизбӣ ва дигар масъалаҳо баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. Инчунин, дар рафти кори маҷлис аз ҷониби намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҳусейнова Сайёра ҷиҳати тақвияти кор дар самти ҳуҷҷатнигорӣ тибқи талаботҳои Оиннома, Низомнома ва Роҳнамо барои ташкилотҳои ибтидоӣ ба хотири беҳтар шудани фаъолияти ҳизб ва баланд бардоштани нуфузи он дар байни ҷомеа маслиҳатҳои муфид дода шуд.