ЛЕВАКАНТ. Тибқи нақша-чорабиниҳои кории шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар толори варзишии бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Левакант бо кормандон, мураббиён ва дастпарварони мактаби варзишии шаҳр вохӯрии судманд баргузор гардид.
Дар мулоқот муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Назарова Фароғат, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Бобоҷонова Гулҷаҳон, намояндаи КДАМ-и шаҳри Левакант Нафасов Алишер, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант Азизов Мирзо ва мудири бахши ҷавонон ва варзиши шаҳри Левакант Одинаев Ҷумахон иштирок доштанд.
Зимни суханронии худ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Назарова Фароғат оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», оид ба масъалаи гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, пӯшидани сару либоси ба фарҳанги мо бегона, оид ба дастовардҳои варзишгарони тоҷик ва як қатор масъалаҳои мубрами рӯз ибрози андеша намуд.
Инчунин, намояндаи КДАМ-и шаҳр Нафасов Алишер ба сухан баромада, кайд кард, ки имрӯзҳо шомил шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ҷомеаи моро ба нигаронӣ овардааст. Нафасов Алишер оид ба ташаккули фарҳанги техникӣ ба хотири истифодаи дуруст аз технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо мақсади пешгирӣ аз хатарҳои марбут ба истифодаи нодурусти онҳо суханронӣ кард.