БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕРОМУНИ САНАҲОИ МУҲИМИ ТАЪРИХӢ ВОХӮРӢ ДОИР ГАРДИД

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии “Олимон” дар асоси супориши мақомотҳои болоии ҳизб бо иштироки корманди масъули ҳизбӣ  Саъбагул Валиева суҳбату вохӯрӣ бахшида ба санаҳои муҳими таърихӣ бо донишҷӯдухтарон доир гардид.

Аснои вохӯрӣ масъулини ҳизбӣ доир ба аҳамият ва муҳимияти  таҷлили “Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва инчунин, таҷлили “Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” андешаронӣ намуданд.

Ҳамзамон, зикр гардид, ки мақсад аз баргузории чунин суҳбату вохӯриҳо ҳифзи ҳуввияти миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маънавии ҷавонон, бедор намудани ҳисси худшиносии миллӣ, таблиғи дастовардҳои миллӣ, мустаҳкам намудани пояҳои Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ба шумор рафта, ҷавононро дар рӯҳияи ифтихори ватандорӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар дар давраи ихтилофотҳои сиёсӣ дар замони муосир тарбия менамояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg