БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ РАЁСАТ БАРГУЗОР ГАРДИД

ДАНҒАРА. Маҷлиси Раёсати Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара гузаронида шуд, ки дар кори он аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, фаъолон иштирок доштанд.

Маҷлисро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримзода Пирмуҳаммад Авғон кушод ва рӯзномаи кори маҷлисро иборат аз 4 масъала тасдиқ намуд.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома оид ба фаъолияти нуҳмоҳаи   Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар соли 2021 ва нақшаҳо  барои давраҳои оянда раиси Кумитаи иҷрорияи ҲХДТ дар ноҳия Каримзода Пирмуҳаммад Авғон ҳисобот дод.

Дар муҳокимаи масъала намояндаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Раёсати молия” баромад намуданд. Дар маҷлис оид ба дастовардҳои  30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷроиши нақшаи Обуна ба рӯзномаҳои “ Минбари халқ” ва  “ Ҳамрози халқ”,  ба тарзи дуруст ба роҳ  мондани ҳуҷҷату ҳуҷҷатгузорӣ  дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ супоришҳои мушаххас дода шуд. Маҷлисро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Каримзода Пирмуҳаммад Авғон ҷамъбаст намуда, ба меҳмонону аъзои ҲХДТ барои иштироки фаъолона дар маҷлис миннатдорӣ намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg