БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САДОҚАТ ВА ЯКДИГАРФАҲМӢ АСОСИ ОИЛАИ СОЛИМ

ВОСЕЪ. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занону духтарон дар толори хурди Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо иштироки ҷавондухтарон мизи мудаввар зери унвони “Оилаи солим-ҷомеаи солим” доир гардид.

Зимни суханронии худ мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Гулрухсор Мирзоева иброз намуд, ки оилаи солим оилаест, ки аз меҳру садоқат ва якдигарфаҳмӣ бунёд мегардад. Ободию муваффақияти ҳар як оилаи солимро асосан аъзои бомаърифати он ташкил медиҳад. Оилаи солимро шахсоне бунёд карда метавонанд, ки хирадманду оқил бошанд.

Барои барпо намудани муносибат вақти зиёде лозим аст, махсусан дар бунёди муносибати оилавӣ. Вале барои аз байн бурдани он як дақиқа ҳам кофист. Пас ҳар як ҷавонро зарур аст, ки илму дониш биёмӯзаду соҳибмаърифат гардад. Дар тасмими бунёди оила зиёд тафаккур кунад ва пас аз бунёд қадрашро бидонад, барои солимии он ҷаҳду талоши беандоза намояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg