ВАХШ. Маҷлиси ҷамъбастии нуҳ моҳаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш ва вазифаҳо барои давраи оянда доир карда шуд.
Маҷлис дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия гузаронида шуда, аъзои фаъоли Кумитаи иҷроия, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Умедаи Акрамзода иштирок намуданд.
Маҷлиси мазкур аз рӯи чор масъала роҳандозӣ гардида, оид ба масъалаҳои дар рӯзномаи маҷлис буда, бо дастгирии аъзои Кумитаи иҷроия қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, вазифаҳои барои давраҳои оянда пешбинӣ гардид.
Умедаи Акрамзода зимни суханронӣ вобаста ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, ташкилотҳои ибтидоӣ тибқи дастурамали Роҳнамо фикру мулоҳизаҳои хешро баён дошта, аз шахсони масъул даъват ба амал овард, ки барои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ чораҳои зарурӣ андешанд.