ДАНҒАРА. Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиии № 70, бо иштироки намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо муовини раиси ноҳияи Данғара Файзиддинзода Бунафша ва дигар шахсони масъул бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занону духтарон ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014 – 2023” пешгирии пошхӯрии хонаводаҳо ва тарбияи дурусти насли ҷадид, таблиғу ташвиқ ва амалигардонии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “ Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротию террористӣ, худкӯшӣ вохӯрӣ доир гардид.
Зимни баргузории мулоқот аз тарафи масъулин барои пешгирии масъалаҳои зикргардида дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.