БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОЗМУНИ ИНШОИ БЕҲТАРИН ДАР ШАҲРИ БОХТАР

БОХТАР. Озмуни “Иншои беҳтарин” дар мавзӯъҳои Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон миёни донишҷӯдухтарони муассисаҳои оливу касбӣ ва толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ роҳандозӣ гардидааст, дар шаҳри Бохтар оғоз гардид.

Ба хотири дар сатҳи баланд баргузор гардидани ин озмун ва муайян намудани беҳтарин эҷодкорони ҷавон имрӯз масъулони шуъбаи кор бо ҷавонон ва шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бо донишҷӯдухтарони Коллеҷҳои тиббиву омӯзгории шаҳр вохӯриҳо доир намуд. Зимни суҳбат зикр гардид, ки мақсад аз ташкилу баргузории ин гуна озмуну маҳфилҳои эҷодӣ арҷгузорӣ ба арзишҳои миллату давлатдорӣ, бедор намудани завқи эҷодии насли ояндасози ҷомеа ва ҳамзамон тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ мебошад.

Тавре ки донишҷӯдухтарони коллеҷҳои шаҳри Бохтар иброз доштанд, ташкили озмуну маҳфилҳои илмиву фарҳангӣ дар баланд бардоштани савияи дониш ва ташаккули афкори наврасону ҷавонон нақши муассир гузошта, таваҷҷуҳи онҳоро ба хониши аъло, омӯзиши касбу ҳунар ва рушду такмили маҳорат зиёд мегардонад.

Қобили зикр аст, ки озмуни “Иншои беҳтарин” ба истиқболи санаҳои муҳими таърихии кишварамон, яъне Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи парчами миллӣ бахшида шудааст. Ғолибон ва иштирокчиёни озмун бо сипосномаву туҳфаҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар сарфароз гардонида мешаванд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg