БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ - ДАСТОВАРДИ БУЗУРГИ МИЛЛАТ

АНДЕША. Тақдир ва сарнавишти миллати тоҷик дар солҳои 1992-1994 чун нақши сари мижгон дар вазъи ҳассосе қарор дошт. Ваҳшонияти ин рӯйдоди нобасомон, ки доғе ба қалби ҳар пиру ҷавон ҷой намуда, ба  ҳар хонадоне осори ғаму андуҳ ниҳода буд. Дар шеърҳои халқӣ он замонҳо зам-зама мекарданд.

Саодати миллат дар ваҳдат аст. Бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу ваҳдат бо ташаббуси Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳ дар ҳаёти имрӯзаи мардуми тоҷик ва фарҳангдӯст бо калимаи «Ваҳдат» пайванд гардида, мафҳуми бештареро фарогир гардид. Акнун дар ҷумҳурии офтобрӯяамон - Тоҷикистон 27-июн ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад, мардум имрӯзро чун рӯзи бо ҳамаи ҳамгироӣ, сулҳу оштипазирӣ ва ваҳдату ҳамфикрӣ ҷашн мегиранд.

Сулҳ армуғон, дастоварди бузургест, ки аз сарвати бисёр болотар аст. Ҳеҷ як дороиву афзунӣ  ба як лаҳзаи осоиштагӣ дӯстиву сулҳу субот баробар буда наметавонад. Сулҳ неъмати гарону ноёфтанист, ки миллатро бузургию арзи баланд ва давлатро афзунию шуҳратёр мегардонад. Истиқлолият низ дар инкишофи илму маориф таъсири мусбӣ расонид. Аз ибтидои Истиқлолият Президенти кишвар маорифро соҳаи афзалиятнок эълон карда, баҳри мустаҳкам кардани заминаи ҳуқуқии соҳаи маориф як қатор ҳуҷҷат ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар сатҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуданд. Давлат барои донишандӯзии хонандагону донишҷӯён ва баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ тамоми имкониятҳоро фароҳам овардааст.

Таърихи инсоният гувоҳӣ медиҳад, ки мардумон барои Ватан ҷоннисориҳои зиёде кардаанд, фарзандони диловари халқи тоҷик бо қаҳрамонӣ ҷон додаанд, аммо Ватанро аз харобкории душманон эмин нигоҳ доштаанд ва то охирин лаҳзае дар ҳимояи Ватан аз душманони бераҳм муборизаи беамон бурдаанд, ки чунин ҷавонмардон дар ёди халқу Ватан абадан бо некӣ мемонанд.

Пайғамбари гиромии ислом дӯст доштани Ватанро аз гӯшаи имондорӣ ҳисобидаанд. Хоини ватафурӯшро ҳеҷ кас ҳаққи бахшидан надорад.

Бигзор, Ватанамон ҳамеша ободу хуррам бошад ва мо дар он озоду хушбахт зиндагӣ кунем, сафи ҷавонони ватандӯст ва ободкор зиёда  гардаду баҳори умри ин диёри куҳантаърих бехазон бошад.  

Умаралиев А., мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар н.Кӯшониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg