БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЛНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

АНДЕША. Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик роҳи дурусти миллатсозиву давлатсозиро муайян намуд. Баъди ҳазор сол миллати тоҷик аз нав соҳиби давлати худ гардида, ташаббусу тадбирҳои созандаро баҳри ин давлат амалӣ менамояд.

Ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи шабакаҳои телевизионӣ филми мустанади Солномаҳои Пешвои миллат тайи чанд моҳ аст, ки намоиш дода мешавад. Дар ҳақиқат ҳамаи ин наворҳое, ки имрӯз мо тариқи оинаи нилгун мебинем, аз даврони соҳибистиқлолии кишварамон, ки ба номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сахт марбут аст, ки ба риштаи тасвир кашида шудааст.

Дар филмномаи мазкур ҳар як соҳа, самт, барнома, бахш ва ҳадаф ба таври густурдаву мушаххас ва ҳақиқатнигорона инъикос гардидааст, ки басо таассуротбахшу ҷолиб мебошад.

Бояд қайд намуд, ки дар филмнома чор ҳадафи стратегӣ – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, саноатикунонӣ, инчунин самти муносибатҳои байналмиллалӣ, иқтисодиёт, маориф, тиб ва фарҳанг дар даврони 30-соли истиқлолият ҳадафмандона таҳлил ёфта, бо мисолҳои мушаххас аз солҳои пешин муқоисагузорӣ шудааст, ки басо ҷолиб аст.

Мавриди зикр аст, ки нақши Пешвои миллат дар ҳамаи ин рушду созандагиҳо ва ободониву бунёдкориҳо беназиру беҳамтост, зеро дар даврони 30-соли истиқлолият Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо рушду тараққӣ дода шуд, ки амсоли чунин шукӯҳу шаҳоматро дар садсолаҳо надидааст.

Мебояд солномаҳои Пешвои миллатро вобаста ба самтҳояш дар ҳар иду ҷашн ва рӯзҳои таърихӣ такрор ба такрор намоиш дод, то ба ҳисси ватандӯстиву худшиносӣ, худогоҳии миллӣ, созандагиву бунёдкориҳо боз ҳам тақвият бахшида шавад.

Андешарониҳои арбобони барҷастаи сиёсиву илму фарҳанг ва муҳаққиқон дар бораи рисолати шоёну бузурги давлатдорӣ, сулҳу ваҳдатофарӣ, идеяҳои созандаи Пешвои миллат филмномаро боз ҳам ҷаззобу муассиртар намудааст.

Солномаи Пешвои миллат ҳамчун филмномаи таърихии даврони истиқлолият барои миллати тоҷик ҳамчун таърихномаи гаронбаҳову пурарзиш солҳои сол боқӣ мемонад.

Неъматуллоева Сабоҳат, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар н.Кушониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg