БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР МАҶЛИСИ РАЁСАТ ВАЗИФАҲО МУШАХХАС ШУДАНД

ҶАЙҲУН. Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун баргузор гардид.

Дар маҷлиси мазкур намоянда аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Асроров Саидшо, аъзои Раёсат, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ширкат доштанд.

Тибқи рӯзномаи маҷлис ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун “Дар бораи натиҷаи фаъолияти Кумитаи иҷроия дар нуҳ моҳи соли 2021 ва вазифаҳо барои давраҳои оянда,

натиҷагирӣ аз маъракаи обуна ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” барои соли 2022”, тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ баррасӣ гардиданд.  

Аз рӯи масъалаи якум, раиси Кумитаи иҷроия Ҳасанзода Тағоймурод дар назди ҳозирин ҳисобот дода, вобаста ба корҳои анҷомдодашуда дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ва вазифаҳо барои давраҳои оянда суханронӣ намуд.

Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис иброз гардид, ки бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ баргузор ва ҷамъбаст намудани маъракаи обуна ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ”, мувофиқи маълумотҳо то рӯзи 22- юми октябри соли 2021 обунашавӣ ба нашрияҳои “Минбари халқ”- 73,07% ва “Ҳамрози халқ” 89,33% иҷро гардидааст ва бо итминони комил гуфта метавонам, ки бо дасгирии аъзои фаъол дар кӯтоҳтарин муддат нақшаи муайянгардида ба нашрияҳои ҳизбии болозикр пурра иҷро хоҳад гашт.

Сипас, вобаста ба масъалаҳои баррассигардида бо тарафдории аксарияти ҳозирин қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Дар фарҷоми маҷлис намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Асроров Саидшо  суханронӣ намуда, қайд кард, ки моро зарур аст шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии кишвар намоем ва ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеа тинҷию оромии кишвари азизамонро чун гавҳараки чашм н игоҳ дошта, дар мубориза бо ҳар гуна гурӯҳҳои ифротию иғвоангез бетараф набошем ва баҳри пешравии кишвар саҳмгузор бошем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg