БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АМАЛИ ХАЙР ДАР ОБОДИИ ВАТАН БОИСИ ИФТИХОР АСТ

Н.ХУСРАВ. Бо  ташаббуси  Кумитаи  иҷроияи   ҲХДТ  дар  ноҳияи Носири Хусрав  ва  дастгирии  сокинон амалҳои  созанда  ва   ободкориҳо  бахшида  ба   30-  солагии  Истиқлолияти  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо  маром  идома  дорад. 

Раиси   Кумитаи  иҷроия Сурайё Ализода   бо  мақсади  беҳтар  намудани  шароити  рафту  омад  ва наздик  шудани  роҳи сокинони  деҳаи  Гулзори  ҷмоати  деҳоти  Фирӯза  Аксияи  ҳизбии  «Якҷоя  месозем!»-ро  баргузор  намуда, пули  замонавӣ   бо  дарозии  12   метр  ва  паҳноии  5  метр бунёд  карда шуд.     Дар  бунёди  пул  саҳми  сокини  деҳа, узви  фаъоли  ҳизб  Бойтураев Ҳалим, ки  аз  пасандозҳои  барои  зиёрати  Ҳаҷ ҷамъоварӣ намуда буд, ба  маблағи  18  ҳазор  сомонӣ  барои сохтмони пул хароҷот намуд.  Дар ташкилу бунёди  пул раиси  маҳалла, узви  ҲХДТ   Кучкинов  Саидмурод  саҳми  босазо  низ дорад. инчунин, аъзо ва   ҷонибдорони    ташкилотҳои  ибтидоии  ҳизбӣ  дар   деҳа  тасмим  гирифтанд, ки  барои  беҳтар намудани  шароити  зиндагӣ  ва наздик  шудани  роҳашон  боз  ду  пули  дигар   бунёд  менамоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg