БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНСТИТУТСИЯ - САНАДИ ТАҚДИРСОЗ

Н.ХУСРАВ.  Бахшида   ба  таҷлили  Рӯзи  Конститутсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон бо ташаббуси  Кумитаи  иҷроия  дар  ноҳияи Носири Хусрав  вохӯрии  ҷавонони  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2  бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии  Демократии  Тоҷикистон  дар  ноҳия  таҳти  унвони "Муқаддасоти миллӣ- ҳастӣ ва ифтихори миллии мо мебошад»   баргузор  гардид.

Дар  вохӯрӣ  аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроия қайд гардид, ки яке  аз  унсури  асосии давлати  демократӣ қабули  Конститутсия мебошад. Конститутсияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон 6  ноябри  соли   1994 қабул  гардида,   дар баробари  қабул  гардидани  он  роҳи  нави  инкишофи  Тоҷикистон  муайян  карда шуд.  Аз  қабули  Конститутсия Тоҷикистони  соҳибистиқлол  марҳилаи  гузариш  аз давлати  шӯравӣ  ба  давлати  ҳуқуқбунёд  оғоз  гардид. Халқи  тоҷик бо  қабули  Конститутсия  дар   назди  худ мақсади  бунёди  ҷомеаи  шаҳрвандӣ, давлати  ҳуқуқбунёд, ривоҷи ҳаёти  хусусӣ ва  фаъолияти  озоди иқтисодиро  гузошт.

Ҳанӯз  аз  рӯзҳои  аваали  фаъолияти  худ  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  ин  мансаби  Олӣ  интихоб шуданашон роҳи  барқарор намудани  сулҳу  ваҳдат ва  эъмори  давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва  демократиро  интихоб  намуда, инкишофи  минбаъдаи Тоҷикистонро  танҳо  бо  ҳамин   тасаввур  мекард.  Маҳз  чунин  азму ирода  буд, ки ба  мардуми  шарифи    Тоҷикистон арз  дошт:  “ман  оғози  кори  худро  аз  сулҳ  сар  хоҳам  кард. Ман тарафдори  давлати  демократии  ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру  бародар  бошем, то ки  вазъро ором  намоем. Мо  давлатамонро  обод мекунем ва  соҳибӣ  мекунем...”.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg