ХУРОСОН. Бахшида ба ҷашни 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Аксияҳои ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” дар ноҳияи Хуросон бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардида, дар ин рӯз як қатор корҳои ободониву созандагӣ ба анҷом расонида шуд.