ФАРХОР. Ҷиҳати тарғибу ташвиқи пешгирӣ аз бемории коронавирус, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ва истифодабарии самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ кормандони Кумитаи иҷроия дар деҳаи Сайёраи ҷамоати деҳоти Истиқлол бо усули «хона ба хона» гардиш доир намуданд.
Зимни баргузории чорабинӣ масъулин бо сардорони оилаҳо оид ба даъвати ҷавонписарон ба сафи Артиши миллӣ иброз доштанд, ки хизмат ба Ватан -Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат, шуҷоат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад. Афсарону сарбозони далери Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба савганди ҳарбӣ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу давлати хеш бо сарбаландӣ адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз сафарбар месозанд. Ҳамин сипоҳиёни Ватан ҳастанд, ки мо ором мехобем ва аз ин лаззати тинҷиву оромӣ мечашем.
Ҳамчунин, оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ бо аҳолӣ суҳбат намуда, ба онҳо варқаҳои тарғиботӣ дастрас карданд.