БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ- НИГАРОНИИ ОЛАМИЁН

АНДЕША.Ба касе пӯшида нест, ки таҳдидҳои аз нав ноором сохтани вазъи ҷомеа дар зери таъсири ҳодисаҳои ҷаҳонишавӣ, яъне глобализатсия, дар тамоми ҷаҳон раванди хатарҳои муқобилгузории тамаддунҳо авҷ гирифта истодааст. Паҳн шудани терроризм ва ифротгароӣ, ки тайи солҳои охир ҷаҳонро ба такон оварда истодааст, боиси нигаронии оламиён гаштааст. Дар чунин вазъи мураккаб ҳар як фарди ҷомеаро ҳушёрии сиёсӣ, мафкураи устувор ва дарки баланди ватандӯстию худшиносии миллӣ зарур аст.

Дар натиҷаи ҷангҳои бемаънӣ садҳо одамон кушта ва ҳазорон нафари дигар гурезаву овора шудаанд. Имрӯзҳо бештар дар кишварҳои мусулмонӣ ба монанди Сурия, Ироқ, Яман ва Афғонистон гурӯҳҳои террористии Ал-қоида, ДИИШ, Ихвон-ал-муслимин, Толибон ва дигар ҳизбу равияҳо, зери мафҳуми “ҷиҳот” амал менамоянд ва он ваҳшонияте, ки онҳо содир менамоянд дар доираи инсонгарӣ рост намеояд.

Ифротгароӣ моли ягон дин нест ва буда ҳам наметавонад.Танҳо барои рӯйпӯш намудани амалҳои зишти худ, террористон динро ҳамчун ниқоб истифода мебаранд. Идеологияи онҳо пурра хурофот буда, аз ахлоқи волои ислом фарсахҳо дуранд. Бо вуҷуди ин, бархе аз ҷавонон, ба чунин равияҳо ҳамроҳ мегарданд, ки ин аз надонистани қонунҳо, бесаводии динӣ, хурофотпарастӣ ва дониши пасти сиёсии онҳо дарак медиҳад.

Бояд ҷавонони мо такя ба таърих, фарҳанг ва тамаддуни худ намуна, барои пешгирии хатарҳои нави ҷаҳонӣ, аз ҷумла терроризм ва ифротгароӣ, ки ба зиндагии осоишта ва сулҳу суботи ҷомеа таҳдид менамояд, воқеъбинона муносибат намоянд.

Дар ҷумҳурии мо, ки таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, аз хурд то калон мафҳуми “террорим” ва то кадом андоза хатарнок будани онро барои инсоният хуб дарк менамояд. Бинобар ин қарзи ватандӯстонаи ҳар як фарди бонангу номуси кишварро дар амон мебинем, ки дар ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, таъмини ягонагии Тоҷикистони азиз, бо такя ба неруи аз ақлу заковат ва донишу истеъдоди худ, саҳми арзанда дошта бошад.

Ғуломов Саидасрор, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg