БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарғибот дар байни занон баҳри амалигардонии ҳадафҳои созандаи ҳизб

ҚУБОДИЁН. Дар маҳаллаи Қиёти ҷамоати шаҳраки Қубодиён тибқи нақша- чорабиниҳои тасдиқгардидаи бахши кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён бо гурȳҳи бонувон дар бораи иштироки занон дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии мамлакат, ҷалби духтарон ба таҳсил ва касбомӯзӣ, инчунин пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон дар оила вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Дар рафти вохӯрӣ ба иштирокчиён фаҳмонида дода шуд, ки аз   ҷониби Раиси муаззами ҲХДТ  таваҷҷуҳ ба иштироки занон дар ҳаёти сиёсии имрȳзаи кишвар, иштироки онҳо дар идоракунии давлат, ишғол намудани занон дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода, барои баланд бардоштани мақом ва манзалати занон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои махсуси соҳавӣ қабул ва амалӣ гардида истодаанд.        

Бо эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ   барои занону духтарон шароит фароҳам оварда шуда, занону духтарон метавонанд бо омӯзиш ва рушд додани ҳунар шароити иқтисодии худ ва атрофиёнашонро бо ташкили ҷойҳои нави корӣ беҳбуд бахшанд.

Инчунин, ба иштирокчиён фаҳмонида шуд, ки барои давом додани таҳсили духтарон дар муассисаҳои олии кишвар мусоидат намуда, дар омӯзиши касбу ҳунар барои фарзандони худ шароит фароҳам оранд.

Дар охир зикр гардид, ки фирефтаи ваъдаҳои бардурӯғ нагардида, бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда, аз тинҷиву оромии кишвар барои шукуфоии Ватани азизамон саҳмгузор бошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg