АНДЕША. Модар, чӣ калимаи муққадас аст. Ҳар як инсон аз модар ба дунё меояд. Модар ҳар як фарзанди худро бо меҳри беандозаву муҳаббати бепоён ба воя мерасонад. Меҳру муҳаббати модар нисбат ба фарзанд беканор аст. Модар фарзандашро ҳанӯз дар вақти дар батнаш будан дӯст медорад, эҳтиёт мекунад. Тамоми фикру зикраш барои сиҳату саломат тифлашро ба дунё овардан аст.
Шоир беҳуда нагуфтааст:
Якшаба он ранҷ ки модар кашид,
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.
Дар ҳақиқат модар ягона шахси меҳрубону ғамхор барои мост. Ҳар нафас аз аҳволи мо бохабар аст. Модар худаш намехӯраду фарзандашро мехӯронад, дили софу меҳрубон аст, модар барои фарзандаш тайёр аст, ки ҳатто ҷони худро фидо кунад.
Мо фарзандон ҳам бояд ба қадри модар бирасем. Ӯро дӯст дорем, меҳрубон бошем. Нагузорем, ки қатраи оби чашмаш резад, дилаш озурда шавад. Зеро, ки дунё бе меҳру муҳаббати модар, бе ҳастии модар ҳеҷ аст.
Бузургон дар васфи модар шеърҳои зиёде гуфтаанд, ҳофизон онҳоро ба оҳанг дароварда сурудаанд. Шоир беҳуда нагуфтааст:
Такя дар паҳлуи модарҷон ғанимат будааст,
Хоб дар зонуи модарҷон ғанимат будааст.
Ҳар як нафари мо бояд ба қадри модар бирасем. Ӯро хушбахт созем, то ҳастем барояш хизмат кунем. Кӯшиш кунем, ки модар аз мо розӣ бошад.
Ҳеҷ гоҳ меҳри модар аз фарзанд кам намешавад. Дар дунё ғайр аз модарҷон касеро то ин дараҷа дӯст намедорам.
Ҳастии модар барои ҳар як шахс бахти бузургест, домони модар биҳишти воқеии ҳар як инсон аст. Аз ҳама шахси бахшоянда, дуогӯ, меҳрубон, ғамхору дӯстдорандаи фарзанд танҳо модар аст.
Дар Ҷумҳурии мо 8-уми мартро ҳамчун рӯзи модарон эълон карданд, дар ҳамон рӯз тамоми он нафароне, ки модар доранд, тӯҳфа ба даст гирифта ба аёдати модар мераванд.
Ҳар нафар кӯшиш мекунад ки тӯҳфааш боарзиш бошад ва ба модар писанд ояд ва лаҳзае ҳам бошад, модарро хурсанду хушбахт дидан мехоҳанд. Лекин тамоми ин туҳфаҳо дар назди меҳру муҳаббати модар ночиз аст. Мо як умр агар хизматашро кунем ба як шаби бедорхобие, ки модар барои фарзанд мекашад баробар шуда наметавонад. Бигзор тамоми модарони рӯйи дунё хушбахту сарбаланд бошанд.
Иботов Диловар, мудири бахши омори КИ ҲХДТ дар н. Восеъ