БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗӮРИ МУШТ ДАР ВАҲДАТИ ПАНҶ АНГУШТ

АНДЕША. Имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо аксарияти мардум аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд. Аксарияти истифодабарандагони сомонаҳои интернетӣ ин ҷавонон маҳсуб меёбанд. Чи хеле, ки дар андешаҳои пештара навишта будам, ҳар яки моро зарур аст, ки аз шабакаҳо оқилона, дуруст ва мақсаднок истифода намоем. Дар акси ҳол ин боиси шомил шудани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбҳои ифротиву террористӣ мегардад.

Ҳаррӯза дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуруҳҳои ифротӣ баромад намуда, мардумро барои шомилшавӣ ба ин гуруҳҳои тундгаро даъват менамоянд ва ҳадафи аслиашон ҷалб намудани аксарияти ҷавонон ба ин гурӯҳҳо ва ноором сохтани фазои осоиштаи мо мебошанд.

Сабаби асосии аксарияти ҷавононе, ки ба ин гурӯҳҳо шомил гардидаанд ин аввалан камсаводӣ, бемаълумотӣ, бекорӣ, дур мондан аз таълиму тарбия ва надоштани саводи кофӣ оид ба  дину мазҳаби хеш мебошанд. Фитнаҷӯён аз ин омилҳо истифода намуда, ба ҳар гуна ваъдаҳои дурӯғ ҷавононро шефтаи худ мегардонанд. Ин гурӯҳҳо ҳеҷ гоҳ барои мо шароитҳои хуби зиндагиро фароҳам намеоранд, баръакс моро ба роҳи каҷ, гумроҳӣ, бадбахтӣ ва билохира ба марг бурда мерасонад.

Хулоса, чун мо ҷавононро ояндаи давлату миллат мегӯем, ба ҳеҷ ваҷҳ набояд фирефтаи дурӯғҳои ин гурӯҳҳои бадхоҳ шавем. Моро зарур аст,  якҷоя иттиҳод шуда, алайҳи ин гурӯҳҳо мубориза барем. Чуноне, ки гуфтаанд: “Зӯри мушт дар ваҳдати панҷ ангушт”. Агар мо муттаҳиду сарҷамъ бошем ҳеҷ ягон гурӯҳ моро пароканда карда наметавонад.

Мирзоева Г., мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg