АНДЕША. Ҳамаи мо хуб медонем, ки зан асоси саодатмандиву шукуфоӣ ва неруи пешбарандаи ҷомеа аст. Танҳо зани нексиришт, ватанпарвар, хушахлоқ ва бомаърифат қодир аст бунёдгари ҷомеаи босаодат бошад.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти занони кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Дуруст аст, ки занону бонувони мамлакат дар татбиқи сиёсати давлат баробари мардон кору фаъолият намуда, дар рушди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд.
Занонро ҷинси латиф мегӯянд, вале новобаста аз ин латофату назокати худ, бонувони баору номуси тоҷик баробари мардон дар ҳама давру замон фаъолияти босамар доранд. Имрӯзҳо мо дар тамоми соҳаҳои иҷтимоии халқ бештар занонро мебинем. Дар ҷомеаи мо сафи занҳои босаводу бомаърифат рӯз то рӯз афзуда истодааст, ки ин боиси пешравии босуръати давлат хоҳад буд ва дар он шумораи ҳар чӣ бештари фарзандони хуб тарбия хоҳанд ёфт.
Бо надоштани маълумоти олӣ ва надоштани саводӣ кофӣ дар ҷомеа ҳастанд заноне, ки бо мақсади ба даст овардани даромади муфт даст ба омилҳои номатлуб, аз қабилӣ шомил шудан ба гурӯҳҳои ифротгаро, қаллобӣ, дуздӣ, одамфурӯшӣ ва ба монанди инҳо мезананд, ки чунин рафтор шаъну шарафи занону бонувони тоҷкиро паст мезанад.
Хулоса, занон низ дар баробари мардон дар ҳамаи соҳаҳо, чӣ дар мақомотҳои болоӣ, иқтисодиёт, маориф, тандурустӣ, дар корҳои саҳроӣ ва ҳатто дар корҳои хоҷагидорӣ кору фаъолият намуда, дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми муносиби худро гузошта истодаанд, ки ин боиси сарфарозист.
Мирзоева Г., мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ