БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАТИҶАҲО НАЗАРРАСАНД, МАСЪУЛИЯТ МЕБОЯД

ШАҲРИТУС. Дар Раёсати кишоварзии ноҳияи Шаҳритус  Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус бо иштироки  аъзои Раёсати Кумитаи иҷроия, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Зебо Бозорова ва як қатор раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва кормандони Кумитаи иҷроия баргузор гардид.

Маҷлиси Раёсатро  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шарофзода Ҳомидҷон кушода, вобаста ба натиҷаҳои фаъолият дар нуҳ моҳи  соли 2021 ва нақшаҳо барои   давраҳои оянда, натиҷагирӣ  аз маъракаи  «Обуна -  2022»   ба   нашрияҳои  ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ”, тартиби  ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ, тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ баромад  намуда, аз фаъолони ҲХДТ барои  татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб, ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар ташкилотҳои ибтидоӣ, даъват ба амал овард.      

Дар идомаи ҷаласа муовини раиси ноҳия Меҳринисо Раҷабзода оид ба иҷрои нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ  сухан гуфта, ба ташкилотҳои ибтидоие, ки то ҳол нақшаи обунаро иҷро накардаанд,  супориши қатъӣ дода, таъкид намуд, ки дар рӯзҳои наздиктарин  нақшаи обунаро пурра таъмин созанд.

Инчунин, рӯзноманигори нашрияи ҳизбии “Ҳамрози халқ” Зебо Бозорова вобаста ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб аз рӯйи нишондодҳои рейтинги ҳизбӣ, аз ҷумла дастоварду камбудиҳои ҷойдошта дар тӯли 9 моҳи соли ҷорӣ  баромад карда, масъулинро барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта раҳнамоӣ намуд.

Дар охири маҷлис аз рӯ масъалаҳои  баррасигардида қарорҳои дахлдор   қабул  карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg