ХУРОСОН. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо иштироки аъзои Раёсат, Кумитаи иҷроия, комиссияҳои кор бо ҷавонону занон, намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”, гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар кори маҷлис узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, раиси ноҳияи Хуросон Аҳмадзода Илҳом Шамол иштирок ва суханрони намуд.
Маҷлиси Раёсатро раиси Кумитаи иҷроия Саидзода Раҳмон Азим ифтитоҳ намуда, аз рӯи масъалаи якум фаъолияти Кумитаи иҷроия барои нуҳмоҳаи соли 2021 баромад намуд.
Баъд аз баромад ва муҳокимаҳо аз рӯи масъалаи мазкур қарори дахлдор қабул карда шуд.
Раиси ноҳияи Хуросон Аҳмадзода Илҳом Шамол суханронӣ намуда, иброз дошт, ки дар бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, нисбати ҳуҷҷатгузорӣ, қабул ба сафи ҳизб, пардохти саривақтии ҳаққи узвият, обуна ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” дар соли 2022, инчунин пурзӯр намудани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ оид ба масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, террористию экстремистӣ, тарзи истифодаи дурусти кор бо шабакаҳои интернетӣ миёни наврасон ва хонандагони синфҳои болоӣ тадбирҳо андешанд ва ба масъулин супоришҳои мушаҳхас дод.