БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХОИНОНИ МИЛЛАТ БА МАҚСАД НАМЕРАСАНД

ВОКУНИШ. Ташкилоти террористӣ-эктремистии ҲНИ тариқи сомонаҳои интернетӣ аз кишварҳои аврупоӣ бо дурӯғу буҳтонҳои ғаразнок пайваста баромад намуда, ба оромиву осудагии ҷомеаи кишварамон халал ворид месозанд. Наҳзатиҳо аз солҳои нахустини истиқлолият борҳо бо муборизаҳои пинҳонию ошкоро кӯшишу талош меварзанд, ки дар кишварамон табаддулот ворид намуда, соҳиби давлату сохтори сиёсии динӣ гарданд. Онҳо барои расидан ба ин  ҳадафу мақсадҳои муғризонаи худ бо ҳазору як роҳ махсусан, ҷавононро мағзшӯӣ  карда, мехоҳанд сафи худро афзуда, шумораи онҳоеро, ки зидди ҷомеаи соҳибистиқлоли мо санги маломат мезананд, зиёд намоянд.

Мардуми кишвари соҳибистиқлоламон басо ватандӯсту фидокор, меҳанпараст ва далеру шуҷоанд, ки бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ онҳо ҳадафҳои муғризонаи нобакорони наҳзатӣ фавран фош гардида, хоинони миллат саркӯбу несту нобуд карда шуданд. Саркардагони фитнаангезу тарсончак гӯё илоҷи воқеаро пеш аз вуқуъ ҳис карда буданд, ки рӯ ба гурез ниҳода, ба хориҷа гурехта то имрӯз фирорӣ гаштаанд.

Наҳзатиҳо сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ, пешрафту нумӯъ, дастовардҳои миллат ва бунёдкориҳои кишварамонро нодида гирифта, рашку ҳасад мебаранд, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд халал эҷод намоянд, авзои ҷомеаро ноором созанд ва аз худ дарак  диҳанд.

Роҳбарону масъулони ТЭТ ҲНИ, ки бо маблағҳои бедардимиёни хоҷагони хориҷиашон ба таври худ «кору фаъолият» доранд, боре андешида бошанд, ки худ хоинанду ватанфурӯш, террористу экстремист буда, зидди Ватани аҷдодии худ тухми душманӣ мекоранд. Барои онҳо давлат, миллат, мазҳаб, Ватан, ваҳдат ва сулҳу оромӣ ҳеҷ арзише надорад. Онҳо танҳо барои манфиати худ, ноором кардани вазъи сиёсӣ, ҷалби шаҳрвандон ба корҳои ифротӣ ва содир намудани ҷинояту куштор кӯшиш доранд.

Мардуми тоҷик хуб медонад, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ шабеҳи Ироқу Сурия, Яману Афғонистон гардида буданд. Ҳадафу мақсадҳои наҳзатиҳо бо роҳи зӯрӣ, фишор ва қатлу куштор таъсис додани давлати исломӣ буд. Дар натиҷаи ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ беш аз 1 миллион нафар мардуми осоишта фирорӣ гардида, ба азобу уқубатҳои гӯшношунид гирифтор шуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронсҳои байналмилалии сатҳи баланд қайд намуданд, ки «Фидокориву мардонагии халқи тоҷик дар ҳимояи марзу бум ва арзишҳои фарҳангу тамаддуни қадимаи хеш, ифодаи қавии мардуми мо ба сулҳу субот ва созандагиву бунёдкорӣ боис гардид, ки пеши роҳи амалҳои террористону ифротгароёни дохиливу хориҷӣ дар кишвари тозаистиқлоли мо гирифта шавад».

Дар ҳақиқат мардуми мо сулҳу ваҳдати миллиро дар  кишварамон чун гавҳараки чашм аз ҳама гуна ғаразу туҳмат ва омилҳои номатлуб муҳофизат менамояд. Ҳамаи нерӯҳои ҷомеаи имрӯза баҳри он саъю талош доранд, ки бо ҳар роҳу восита, бо ҳисси баланди ватандӯстию меҳанпарастӣ ва худшиносию худогоҳии миллӣ Ватанамонро аз хатару таҳдидҳои ифротгароёна ҳимоя намоянд.

Собиров Далер, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Кӯшониён                      

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg