БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЗМАТИ ВАТАНРО БА ҶО ОВАРДАН ИН РАСИДАН БА ҚАДРИ МОДАР ВА СУЛҲУ ОСОИШТАГИСТ

АНДЕША. Ватан -Модар ду мафҳуме ҳастанд, ки барои ҳар як шахс азизу муқаддасанд. Модар моро ба дунёи ҳастӣ меорад, Ватан бошад, дар оғӯшаш тарбия намуда, ба воя мерасонад. Аз ин рӯ, ба қадри модару Ватан расидан ҳам фарз асту ҳам қарз.

 Беҳтарин туҳфаи ҳар як фард ба ҷомеа хизмати софдилона ба Ватан аст. Ҳар як ҷавонмарди баору номусро зарур аст, ки хизмати Ватан-Модарро ба ҷо орад, зеро хизмат кардан  ба Ватан-Модар қарзи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Имрӯзҳо фарзандони баору номуси Тоҷикистони азизамон дар ҳар гӯшаву канори кишвар дар хизмати Ватан ҳастанд. Хизмати ҳарбӣ ба ҷавонон дарси матонат, шуҷоат ва мардонагӣ омўзонида, барои мукаммал ба воя расиданашон мусоидат мекунад.

Воқеан хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бонангу номусро талаб мекунад. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ боиси ифтихору сарбаландист.

Имрӯзҳо дар хизмат барои ҷавонон ҳамаи шароитҳо муҳайё мебошад аз ҳеҷ чиз танқисӣ намекашанд ва ин ҷавононро бо хоҳиши худ ба ҳимояи марзу буми Ватан ҷалб месозад.

Мутаассифона, имрӯз бархе аз ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ канораҷӯӣ мекунанд, ки ин ба шаъну шарафи ҷавонмард намезебад. Марде, ки аз хизмат мегурезаду аз адои вазифааш саркашӣ мекунад, ҷавонмарди ҳақиқӣ нест. Бале, дар хизмати ҳарбӣ азоб мекашӣ, бедорхобӣ мекунӣ, баъзан гурусна мемонӣ, вале мард бояд аз ин мушкилиҳо натарсад. Тавре шоир мефармояд:

Мард бояд, ки ҳаросон нашавад,

Мушкиле нест, ки осон нашавад.

Мирзоева Г., мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg