ВОКУНИШ. Яке аз масъалаи муҳим ва хатарнок, ки имрўзҳо моро ба ташвиш овардааст, “терроризм” мебошад ва ин зуҳурот ҳаракати басо номатлубе баҳри амалӣ намудани мақсадҳои террористию ифротгароӣ ба ҳисоб меравад. Дар саросари олам терроризм ва ифротгароӣ ба як мушкилоти асосии ҷомеа табдил ёфтааст. Ҳалли ин масъалаи глобалӣ саривақтӣ ва аввалиндараҷа ҳисоб ёфта, ба таъхир андохтани ин масъала кори нобахшиданист.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъалаи ташвишовари ҷомеаи башарӣ таваҷҷуҳи хосае зоҳир намудаанд: «Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористонро ба худиву бегона ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест». Ин гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат моро водор месозад, ки ҳамавақт ва дар ҳама ҷой ба таблиғоти дурӯғини ҳизбу ҳаракатҳо «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ансоруллоҳ», «Ҷиҳоди ислом», «Ҳизби исломии Туркистон», собиқ «Ҳизби наҳзати исломӣ», “Гурӯҳи-24” ва ба монанди инҳо роҳ надиҳем. Моро зарур аст, нақшаю дассисаҳои онҳоро фош намуда, ба мардум симои аслии манфури онҳоро нишон диҳем. Ба ин кор дониши мукаммал ва фаҳмишҳои сиёсӣ лозим буда, баргузории суҳбату машварат дар самтҳои пешравии кишвар ва зиёд намудани меҳри Ватан дар дили ҳар як сокини кишвар аз ҷониби шахсони босаводу аҳли фаҳм саривақтист.
Сабаби ифротгароӣ ва терроризми исломӣ ном гирифтани ин падидаи номатлуб аз он иборат аст, ки ҷиҳати татбиқи ғаразҳои сиёсии худ аз шиорҳои исломӣ истифода мебаранд. Онҳо даъво мекунанд, ки пуштибони исломанд. Вале дар асл онҳо бо шиорҳои дурўғини худ ҳадафҳои касифашонро пиёда месозанд. Мақсади ниҳоии онҳо амалӣ намудани ҳадафҳои ваҳшиёнаи хоҷаҳои зархариди хеш буда, мехоҳанд халқи осоишта ва бегуноҳро зери истисмори худ қарор диҳанд ва як давлати тинҷу орому осоиштаро ба харобазор ва ҳатто ба несту нобудӣ оварда расонанд. Онҳо сараввал Давлати Исломии Ироқу Шомро таъсис доданд, ки он як қисмати Ироқу Сурияро дар бар мегирифт ва таъсиси ДИИШ самараи сиёсатҳои номатлуби як қатор давлатҳои манфиатхоҳ мебошанд.
Боиси таасуф ва нигаронист, ки ҷавонони тоҷик ба ин гурӯҳҳо пайваста, ҷони худро дар хатар мегузоранд. Пас саволе ба миён меояд, ки ин қабил ҷавонони моро чӣ маҷбур месозад, ки ба ин гурӯҳҳои даҳшатафкан бипайванданд. Таблиғотчиёну ифротгароён набзи ҷомеаи кишвари моро нағз медонанд. Онҳо бо кӣ сару кор гирифтанашонро хуб мефаҳманд. Бесаводии баъзе ҷавонон, бекорагардӣ ва гумроҳии онҳо баҳри шомил гаштан ба ин гурӯҳҳои ифротию террористӣ воситаи хубест. Аз ин рӯ, моро лозим аст, ки дар байни ҷавонон бештар кор барем ва ба онҳо симои ҳақиқии даҳшатбору марговари ифротгароёнро нишон диҳем. Ба ҷавонон бифаҳмонем, ки терроризм ба дини мубини ислом ҳеҷ муносибате надорад ва худро аз ин зуҳуроти номатлуб ва хатарнок эмин нигоҳ доранд.
Ҳасанзода Тайғоймурод, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун