ФАРХОР. Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти нуҳмоҳаи Кумитаи иҷроия ва вазифаҳо барои давраи оянда баргузор гардид.
Дар маҷлис мудири шуъбаи умумии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҳусейнова Сайёра иштирок дошт.
Дар маҷлис масъалаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор дар дар нуҳ моҳи соли 2021, рафти обунашавии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба рӯзномаҳои “Мирбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор ёфта, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Дар охир намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Сайёра Ҳусейнова ба сахан баромада, оид ба натиҷаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи дар нуҳ моҳи сипаригашта баромад намуда, ба роҳбарон ва котибони ташкилоҳои ибтидоии ноҳия барои боз ҳам чоннок намудани кор дар ҳамаи самтҳои фаъолияти ҳизбӣ дастурҳои судманд дод.