ПАНҶ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроия Маҳмадсафарзода Мирзораҳим дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Зафар» ва «Марзбон»-и ҷамоати шаҳраки Панҷ дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя месозем!» вохӯрӣ гузаронида шуда, бо ҷалби сокинони маҳаллаи номбурда ва дастгирии аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Арзанда» (Обаки Шаҳр) 1200м хатти оби нӯшокӣ дар кӯчаю маҳаллаҳои шаҳрак гузаронида шуд.