БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ НЕРУИ СОЗАНДА БАҲРИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА МЕБОШАД

ПАНҶ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроия Маҳмадсафарзода Мирзораҳим дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии  «Сафедорон»-и  ҷамоати деҳоти Озодагон дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя месозем”» вохӯрӣ гузаронида шуда, бо ҷалби сокинони маҳаллаи номбурда ва дастгирии аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Арзанда» (Обаки Шаҳр) зиёда аз 15 хонаҳои истиқоматӣ бо оби нӯшокӣ таъмин карда шуданд. Аз иқдоми неки ҳизбиён сокинон руҳбаланд гардида, миннатдории хешро ба ташкилкунандагони Аксияи ҳизбӣ иҳзор доштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg