ДӮСТӢ. Мувофиқи ҷадвали баргузории вохӯриҳо дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Дӯстӣ пайваста суҳбату мулоқотҳо баргузор гашта истодааст.
Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо кормандони Иттифоқи касабаи ноҳия мулоқот доир намуданд.
Масъулин зимни мулоқот оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, дар доми макру фиреби нобакорон афтодани ҷавонону наврасонро таъкид намуда, зимнан илова карданд, ки ояндаи давлату миллати абарқудрати миллӣ дар дасти ҷавонони далеру шуҷоъи Ватан аст. Бинобар ин ҳар яки моро зарур аст, ки барои дар доми фиребу найранги бегонагону хуруфотпарастон наафтодан ҳамеша чусту чолок ва зираку ҳушёр бошем.
Чуноне, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша зимни суханрониҳояшон таъкид ба амал меоранд “Ҷавононро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ҳамеша қавиирода ва ҷасур бошанд”.
Иштирокдорон бар замми суханронии масъулин афзуданд, ки мо то он даме,ки ҷон дар тан дорем, доимо баҳри ободии Ватан ва зиндагии осоиштаи халқу миллати худ содиқонаю софдилона ва аз самими дил кору фаъолият намуда, марзу буми Ватанамонро нигаҳбон ва ҳифз намоем.