БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҚОМИ ЗАН ДАР ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН

АНДЕША. Бо таассуф аз он, ки имрӯз дар кишвари ҳамсояи мо –Афғонистон занон зери зулми қавми ноогоҳу куҳнаандешу бадандеше бо номи Толибон қарор доранд, иброз медорам, ки ягон дину ягон мазҳаб поймолкунии ҳуқуқи занонро ривоят надодааст. Тариқи расонаҳои хабарӣ огоҳем, ки дар Афғонистон занон аз ин ки ҳуқуқу озодиҳое, ки дар чанд сол ба даст оварда буданд, акнун бо ба сари қудрат омадани Толибон онҳоро аз даст доданд, сахт нигаронанд, ки воқеан ҳақ доранд. Дар ин аср, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳама босуръат дар ҳоли рушду навгонист, бо он мафкураи қафомонда чӣ гуна метавон зист? Албатта, ки пазируфтани ин вазъият бисёр сангин аст. Дар он тарафи Ому, ки онро ном Афғонистон аст, занон наметавонанд, бидуни ҳамраҳии бародар шавҳар ва ё писари бузурги худ аз хона берун шаванд. Магар занон бениёзанд?  Занон низ дар навбати худ муҳтоҷиятҳои хос доранд, ки барои бароварда кардани онҳо озодӣ лозим аст. Зан барда нест, зан каниз, ғулому хидматгор нест, ки бояд дар хона маҳбас шавад. Зан дар қатори мард, пеш аз ҳама як банда аст. Одам аст. Зан зан аст. Барои касе малум нест, ки Толибон бо кадом ҳаққе, дунёе, ки Худованд дар он зистанро иҷозат додааст, онро барои занони мамлакати худ торику зиндон мекунанд. Аз вақти ба сари ҳокимият омадани Толибон дар Афғонистон ҳуқуқи занону духтарон ба таҳсил ва кор комилан аз байн бурда шуд. Ҳазорҳо зани Афғон фирорӣ шуданд, бесарпаноҳу беҷою бенон монданд. Аз ҳама дарди бад, ки барои як модар аз даст додани фарзанди хеш аст, садҳо модари афғон ин таъми талхро чашиданд. Дар пеши чашмҳояшон шавҳару фарзандҳояшон кушта шуданд, ки ҳаққи ҳеҷ кадоми онҳо набуд. Агарчӣ борҳо тазоҳурот мекунанд, барои ба даст овардани дубораи ҳуқуқҳои хеш фарёд мекашанд, вале ҳеҷ натиҷа намедиҳад, зеро гӯши Толиб барои шунидани ин фарёдҳо кар аст.

Ин вазъиятро мебинаму ҳамчун як бонуи ҷавони тоҷикистонӣ шукронаи Пешвои хирадманди хеш мекунам. Зан дар ҳақиқат арзишманду воломақом аст, аммо на ҳар мағзе инро дарк мекунад. Маҳз дар замоне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимоми давлатдориро ба даст гирифт, поймолшавии ҳуқуқҳои занон то ҳадде  аз байн рафт, мақому манзалати бонувону занон дар Ҷумҳурӣ то андозаи зарурӣ баланд бардошта шуд. Бо мақсади баланд бардоштани мақому манзалати бонувону занон як қатор тадбирҳо андешида шуд. Аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Нақшаи миллии тадбирҳо дар хусуси баланд бардоштани мақом ва нақши зан, барномаҳои давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон», «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд» қабул гардиданд, ки татбиқи онҳо боиси баланд гардидани манзалати зан дар ҷомеа гардид.

Бо шукргузории фаровон метавон ёдовар шуд, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистони азизамон занон дар зинаҳои гуногуни ҳамаи шохаҳои ҳокимият, яъне мақомоти олии қонунбарор, ҳокимияти судӣ ва иҷроия, инчунин дар кулли сохторҳои давлативу иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ фаъолият намуда, дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми муносиби худро  гузошта истодаанд.

Моҳинави Қурбонмад, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg