БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАРУРАТИ ҲАРРӮЗАИ МАШҚҲОИ ҶИСМОНӢ ДАР ШАРОИТИ ҲОЗИРА

АНДЕША. Дар замони Шӯравӣ мардум бештар ба корҳои ҷисмонӣ машғул буданду вақти худро дар саҳро ва корхонаву сехҳо мегузарониданд. Дар он замон нафари бекорро пайдо кардан мушкил буд. Саргармии кор ва меҳнати софдилонаи мардум ба рушди ҷомеа ва фаровонии маҳсулот замина гузошта буд.

Дар шароити ҳозира бошад, шаҳрвандон мувофиқи табъи дили хеш мехоҳанд корҳоеро пайдо кунанд, ки дар он кам заҳмат кашанд. Даромади хуб дошта бошанду дар муддати кӯтоҳ дороии худро зиёд намоянд. Аммо дар мавриди нигоҳ доштани тандурустӣ ва саломатии худ ками дар кам андеша менамоянд. Технологияи шароити муосир  ба саломатии инсонҳо таъсири манфӣ гузоштааст.  Инсоният бо технологияи ҳаракаткунанда ҳатто боғу гулгаштҳоро сайр намуда, кам ҳаракат менамоянд. Камҳаракатӣ бадани инсонро лоғар ва ба бемориҳои гуногун гирифтор мекунад. Аз ҷониби дигар барои инсонҳо хӯроки серғизо ва лазиз омода карда мешавад, ки дар сурати камҳаракатӣ ва машғул нагардидан ба корҳои ҷисмонӣ ба узвҳои инсон таъсирӣ манфӣ мерасонад.

Ҳар як нафар бояд ҳамарӯза бадани худро обу тоб дода, ба машқҳои ҷисмонӣ машғул гардад. Машқҳои ҷисмонӣ ба тамоми узвҳои инсон таъсири мусбӣ расонида ба дарозумрии инсонҳо кафолат медиҳад.

Дар хориҷи кишвар баъзан нафарон дар ошёнаҳои баланд иқомат мекунанду дар дохили ҳуҷраҳои худ ба машқҳои ҷисмонӣ машғул мешаванд. Онҳо таркиби калорияҳои ғизои истеъмолкардаашонро ҳисоб намуда, барои ҳазм намудани он машқ мекунанд.

Аз ин лиҳоз мо шаҳрвандонро зарур аст, ки ба машқҳои ҷисмонӣ бештар машғул гардему дар фикри саломатии худ бошем. Ин омил моро аз гирифторшавӣ ба бемориҳои гуногун нигоҳ дошта, умрро дароз мекунад.

Сафаралӣ Мирзоев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg