АНДЕША. Оилаи устувор ҳамон оилае пазируфта мешавад, ки дар он шахси калонсол тамоми шикасту рехти ин оиларо бар душ дошта, дар ҳама маврид аз мушкилотҳои мавҷуда баромада метавонад. Оилаҳое, ки роҳбар надоранд ва дар он ҳар кас ба кадом самте хоҳад мустақилона кореро анҷом медиҳад, ин гуна оилаҳо аз лиҳози иқтисодӣ начандон рушдёфта мебошанд. Шарт нест, ки ҳар як аъзои оила тамоми дороияшро бурда сардори оиларо диҳад, муҳимияти ин масъала дар он аст, ки роҳбари оила ояндаро нақшагузорӣ карда дар вақти ба вуҷуд омадани мушкилот ба сари ҳар як оила зуд ҳозир шуда, ҷиҳати бартараф намудани он саҳми худро мегузорад. Волидон такягоҳ, сутун ва маблағгузори оила мебошанд. Роҳбари оила агар нафари таҷрибанок ва оқил бошад оилаи онҳо дар муддати кӯтоҳ рушд ёфта, захираи моддӣ ва молиявии онҳо бештар мегардад. Идора кардани оила ва ба роҳи рушд равона намудани аъзо он ба мисли корҳои идорӣ мебошад.
Сафаралӣ Мирзоев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ