АНДЕША. Дасти бечораеро гирифтан, ба ӯ кӯмак кардан, аз хислатҳое мебошад, ки неку писандида ва яке аз беҳтарин фазилатҳои инсонӣ. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дастуру ҳидоятҳояшон, аз ҷумла дар Паёмҳои худ ба масъалаҳои ободонию бунёдкорӣ ва созандагӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, соҳибкорону ашхоси саховатпешаро ба ободонии мамлакат ва дастгирии оилаҳои ниёзманд ҳидоят менамоянд. Пешвои миллат қариб, ки дар ҳар як вохӯриҳои худ бо халқ борҳо таъкид намудаанд, ки ҳар як амали неку созанда савоби зиёде дораду сари ятимеро сила намудан дари биҳиштро ба рӯи шахси саховатпеша боз месозад. Аз ин рӯ, хуб мешуд, ки ҳар як шахси соҳибмулку эҳсонкор ва саховатпешаю савобҷӯ барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии ашхоси ниёзманд дасти мадад расонад.
Ҳар касе, ки бештар некӣ намуда, бахшишу эҳсон мекунад ва дасти бечорагону ниёзмандон, ятимону бепарасторонро мегирад, бешак рисолати олии инсониро ба ҷо меорад. Гоҳе Худованд мехоҳад бо дасти мо дасти дигареро бигирад, вақте мо дастеро ба ёрӣ мегирем, бояд мутмаин бошем, ки дасти дигарамон дар дасти Худост. Ба андешаи ман ин ҳақ аст, барои он, ки ман бисёр мушоҳида кардаам, ки аксари шахсони саховатманд ҳарчанде, ки хайр менамоянду дасти бечораеро мегиранд, дили ятимеро шод менамоянд, дороиашон кам намешавад, балки баръакс дучанд меафзояд.
Бинобар ин, Пешвои муаззами миллат таъкид намудаанд, “моро зарур аст, ки беш аз ҳар вақти дигар сарҷамъу муттаҳид бошем, аҳлонаву софдилона меҳнат кунем, муҳимтар аз ҳама, дар чунин шароит ҳимматбаланд бошем, амалҳои хайру савоб ва эҳсонкориро бештар намоем”.
Мирзоева Г., мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ.