БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНСТИТУТСИЯ-КАФОЛАТИ БАРОБАРҲУҚУҚИИ ҲАР ЯКИ МОСТ

АНДЕША. Замоне, ки 30 сол пеш Ҷумҳурии азизамон истиқлолияти худро ба даст овард, Констутсияе, ки соли 1978 қабул шуда буд, пас аз ҳукумати шӯравӣ ба талаботи ҷомеа созгор набуд. Яъне, Тоҷикистон акнун соҳибистиқлол гашта буд ва кӯшиш менамуд, ки як давлати демократию ҳуқуқбунёд бунёд намояд. Бо ин мақсад санаи 6-ноябри соли 1994 боз як санаи тақдирсозу ба дардхӯр барои ҷомеа ба таърихи халқи тоҷик ворид гардид ва дар ин сана ба тариқи раъйдиҳии умум Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки аз он замон то инҷониб барои баробарии ҳуқуқи тамоми шаҳрвандон кафолат медиҳад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 боб ва  100 модда иборат аст, ки дар ҳар ҷумлаву ҳарфу калимаи ин моддаҳо ва бобҳо ҳикмати озодиву ҳуқуқдонии мо нуҳуфтааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мо ҳуҷҷати ҳифз кардани ҳуқуқҳоямон аст. Чуноне, ки мегӯянд “ Ҳама дар назди қонун баробар аст” ва ин ҷумла аст, ки барои дорою нодор адолат риоя мегардад, ки инро ҳам аз ҳастии Конститутсияи Ҷумҳурии азизамон медонем.

Бояд гуфт, ки имсол аз қабули ин ҳуҷҷати муҳиму тақдирсоз 23 сол пур мешавад, ки дар  давоми ин 23 соли қабули Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон худро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари рӯ ба сӯи тараққиниҳода, нишон дода, аз тарафи созмонҳои байналхалқӣ баҳои баландро сазовор шуд. Имрӯзҳо Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мешиносанд ва эҳтиромаш мекунанд. Барои ноил шудан ба ин гуна қуллаҳо, халқи тоҷик дар охири асри гузашта, ба бисёр ҳодисаҳои нангин дучор шуд ва бо гузашти ин қадар солҳо арзишҳои миллии тоҷикона барои мо ҷавонон аҳамияти аввалиндараҷаро касб намуд.

Мо сипосгузору шукргузори ин давлати орому осуда, бо амал намудани ин Конститутсияи муқаддасаш ҳастем ва барои ҳифзи оромии ин кишвари муқаддас ба андозаи тавон сайъи худро менамоем.

Нуруллоев Саъдулло,  мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТдарноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg