ВОКУНИШ. Халқи тоҷик дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ азобу машаққати зиёд кашид ва ранҷу азоби сахтро паси сар намуд ва маҳз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кафили озодиву нишоти мардум гашта, ба халқи тоҷик зиндагии осуда, озодӣ ва сулҳи абадиро ҳадя намудаанд. Ҳама пиру ҷавони кишвар медонанд ва дар ёд доранд, он рӯзҳои даҳшатро, ки бар сари миллати тоҷик омада буд. Тавре бузургон фармудаанд, ки шахси хирадпеша ва ғамхори мардумро маҳз дар рӯзҳои душвор ва сахт дарёфтан имконпазир аст ва мо халқи тоҷик ҳамин гуна Роҳбари одил, хирадманд, ғамхор ва халқпарварро дар шахсияти Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидаем ва шоҳиди амалҳои хайр ва ҷонбозиҳои ӯ дар роҳи наҷоти халқ гаштаем.
Имрӯзҳо як зумра бадтинатон, ҷоҳилон, иғвобардорон, ки шомили гурӯҳҳои террористию экстремистӣ мебошанд, дар минбарҳои ҷаҳон истода, талош мекунанд, то боз миллати тоҷикро гумроҳ сохта, онҳоро ба ҷангу иғво даъват мекунанд. Ин қабил бешарафон мехоҳанд, ки дар байни халқ иғво андохта, лаҷоми давлатро ба дасти худ гиранд. Лек онҳо хатои маҳз мекунанд. Зеро дигар халқу давлати тоҷик мустаҳкаму пойдор аст ва мо, тоҷикон дигар ҳаргиз намегузорем, ки он бешарафон ва кӯрнамакҳо миллати тоҷикро пароканда созанд. Бо кадом рӯй ва забон онҳо даъвои давлат мекунанд ва худашонро “ғамхори миллат” мешуморанд, магар худи онҳо ба халқу давлати тоҷик то имрӯз ягон нафъе расондаанд?! Куҷо буданд он “қаҳрамонҳо”-и бехабар, ки дар рӯзҳои пурмашаққати халқ ғамхору ёрирасони халқ мегаштанд!. Эй бадтинатони ифротгаро! Бас, дигар ҷорзаданҳо. Бефоидаанд, ҳамаи кӯшишҳоятон, лаънатшудаҳои Худо!
Месазад, ки мо доимо аз хизматҳои ин абармарди диёрамон доимо шукргузорӣ намуда, пайрави кору пайкори ӯ бошем. Зеро танҳо ин шахсияти бузург тавонист бо заҳмату талошҳои хеш миллату давлати парокандаро ба сарҷамъӣ оварда, Тоҷикистонро ҳамчун кишвари мутамаддин ва соҳибмақом дар рӯи ҷаҳон муаррифӣ намояд.
Зиҳӣ, Пешвои муаззами мо!
Умедаи Акрамзода, сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон