КӮЛОБ. Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сафобахш” маҷлиси ҷамбастии фаъолияти нуҳмоҳаи ташкилоти ибтидоӣ баргузор гардид.
Зимни баргузории маҷлис ҳисоботи роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сафобахш” Эмомова Сайлигул шунида шуда, қарорҳои дахлдор оид ба рафти кори ташкилот қабул карда шуд.
Сипас, аз тарафи масъулин оид ба тарзи дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ дар ташкилот ва обунашавӣ ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ “ ва “Ҳамрози халқ” маслиҳатҳои муфид дода шуд.